Бо мақсади иҷрои нақшаи тасдиқгардида бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза барзидди маводи мухаддир дар якҷоягӣ бо дигар мутахассисон дар байни сокинони ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар ин вохӯрӣ шахсони синну соли гуногун, ихтиёриён ва занҳо низ иштирок доштанд.
Мақсад аз вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи маводи нашъаовар ва пешгирӣ аз рафтори нохуби доѓовар, ки ҳамасола рӯзи 26-уми июн дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба қайд гирифта мешавад, аз ҷумла дар ин рӯз низ дар ноҳияи Ҷайҳун чорабинӣ гузаронида мешавад.
Қобили аст, ки дар ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун таҳти № 650 аз 15.08.2013 қабул шудааст. Нисбати пешгирӣ ва муолиҷаю табобати беморони мубталои нашъамандӣ дар бахши госпиталии ноҳия ва маркази Кӯмаки Аввалияи Тиббию Санитарии ноҳия утоқи наркологӣ ба таҳлилгоҳ фаъолият дошта, ба нашъамандони тазриқӣ ба тарзи пинҳонӣ (анонимӣ) хизмати тиббии ройгон расонида мешавад. Ман ҳамчун табиби ин соҳа гуфтаниам, ки пеш аз ҳама инсон бояд дар ҳеҷ кори рӯзгор набояд худро асабӣ кунад, асаби хароб одамро ба ҳар роҳи ношоиста мебарад. Аз ин хотир асабро ҳамеша солим ва ором нигоҳ дошт. Ин барои саломатии одам муфиид аст.
Шайх Фаридадуни Аттор фармудаанд, ки:
Нафси шайтон мебарад аз раҳ туро,
То биандозанд андар чаҳ туро.
Ҳар кору кирдори нодуруст, амали номатлуб касро аз роҳи дурусти ҳаёт баргардонда, ӯро рӯ ба табоҳиву заволӣ мебарад. Нашъа моддаи заҳрнок, мадҳушкунанда, бадтаъсир буда, одамро рӯ ба маргу носолимӣ ва беобрӯгӣ оварда мерасонад.
Яке аз зараровариаш ин аст, ки ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар аз қабили асаб, гурда, дил ва меъдаву беирода мегардонад. Имрӯзҳо душвор нест дарёфт кардани нафароне, нашъаманд), ки бетарсу ҳарос даст ба куштору дуздӣ мезананду хиёнат ба номусу ҷоҳилиҳо мекунанд. Ин гуна шахсон бевосита истеъмолкунандагони ин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдори кардаашон огоҳии надоранд, зеро он беёду сустақл мегардонад. Барои ин гуна шахсон, ки ҳаловати яклаҳзаинаи нашъаро аз ҳама боло медонанд, дарёфт кардани хокаи он ба кадом қимате, ки набошад ниҳоят зарур аст.
Дар ҳолати омадани хумори нашъаманд барои дарёфташ тамоми дороии хонаашонро фурӯхта, маводи нашъаовар мехарад. Дар натиҷа хонабардӯшу оила бесаробон, ҷамъият вайрону наздиконро парешон мегардонанд.
Рӯҳафтода набошед, ҳоло ҳам дер нашудааст, саломатии шумо дар дасти худи шумост. Ҳаёти солимро аз даст надиҳед!
Обидҷон Сариев, духтури рӯҳӣ ва нашъамандии КАТС-и ноҳия,
Маҳмудшо Сиярзода, мухбири «Ҷайҳун»