Ватан гаҳвораи ҳастии мост

Ватан сарчашмаи ҳама хушиҳои зиндагӣ мебошад. Ҳар як фарди соҳибхирад ва дорои афкори наҷибонаи ҷомеаи мо ба адл ва сарсабзии кишварамон боварии комил дошта, онро дар шуури насли наврас бояд ҷо намояд. Бале, Ватан – Модар мегӯянд, аммо дар асл гувоҳи ҳақ ҳақиқати таърих аст, ки бархе аз мардуми гӯшаву канори олам аз беватанӣ на танҳо модарони худ, балки хешу ақрабо ва ёру бародарони хешро аз даст додаанд.

Дӯст доштани Ватан ва эҳтироми муқаддасоти миллии он як ҳисси хушгумонӣ ва яке аз гӯшаҳои имондорист. Ҳар як маслиҳатҳои фоиданок ва оқилонаи бузургонамон, ки дар боби Ватандорӣ додаанд, мо онро бояд сармашқи иқдомҳои худ намоем. Акнун замонае омадааст, ки Ватанро на аз тохтутозҳои миллатҳои аҷнабӣ, балки аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва ақидаҳои ботиле, ки алҳол дар ҷомеаи ҷаҳониӣ реша давондааст, бояд ҳифз намоем. Ҳар гоҳе, ки дар оинаи нилгун аз ҳоли бархе мардуми бесарусомони олам огоҳ мешавем, бояд шукронаи сарҷаъмию осудаҳолии мардуми кишварамонро намоем.

Ватан гаҳвораи ҳастии мост. Соҳибдилон меҳри Ватанро дар дил ҳамчун гуле мепарваранд. Аммо на мисли он гуле, ки дар гулистон мерӯяд, зеро он бо мурури вақт пажмурда мегардаду гули дар қалб парварида, ҳеҷ гоҳ завол наёбаду мисоли субҳи саодатасари кишварамон абадӣ ҷилва хоҳад кард. Чӣ хушу гуворост номи Ватанро бар забон овардан, ҳар гоҳе номи онро бар забон меорем, аз қуллаҳои барфпӯши Бадахшон то домони Чилдухтарону кӯҳҳои водии Зарафшон бо ҳама манзараҳои дилфиребаш пеши назар ҷилвагар мегардад.

Дар урфият мегӯянд, ки ба як одам  чил ҳунар кам аст. Дар асл яке аз ҳунарҳои волои инсонӣ ин дӯст доштани Ватан аст.

Шаҳлохон Исматова, мудири шуъбаи таълимии МТМУ №12–и Ҷамоати деҳоти “Ваҳдати миллӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун.