Ҳамду сано Худованди покро, ки алҳол бо дастгирӣ ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ яке аз арбобони шоистаи олами маърифат мебошад, тамоми ҷабҳаҳои кишварамон рӯ ба тараққӣ ниҳодаанд. Акнун даврае омадааст, ки ҳама ба сӯи мақсаде мешитобанду майлу хоҳиши чизе доранд. Ҳар кас дар умеди беҳтар кардани зиндагии хуб мебошад.
Хусусан соҳаи маориф, ки аз баракати таваҷҷуҳи бевоситаи сарвари давлатамон дар ҳоли рушду нумӯъ буда, ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Албатта ин бурдбориҳо мо аҳли маърифатро водор месозад, ки баҳри тарбияи насли наврас заҳмати худро дареғ надорем.
Ҷавонони имрӯзаи мо бояд андеша намоянд, ки ояндаи миллат ва пойдории давлатамон маҳз бардӯши онҳо ҳавола гардидааст. Мақсад аз ин гуфтаҳоям аз он иборат аст, ки болоравии сатҳи маърифат ба болоравии сатҳи зиндагии мардум алоқаманд мебошад.
Давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣпешрафтаи дунё, хусусан бо омӯзиши илму ҳунар ба комёбиҳои беназир ноил гардида, кайҳо ба кашфи асрори коинот машғуланд. Насли наврасро дар пайравии тарзи нави расмшудаистодаи афкор, ки он ба сиёсати пешгирифтаи давлатамон созгор аст, навъе бояд тарбия намуд, ки онҳо аз сиёсат, фалсафа, адабиёт, таърих, моҳияти ахлоқ ва дигар фанҳои лозима баҳравар бошанд.
Бедоршавии ғояҳои инсонпарварї, рушду инкишоф, қимати ҳастии фардӣдар ҷомеаи имрӯзаи мо ба назар мерасад, ки мо аҳли маърифат низ иштирокчӣва шоҳиди бевоситаи ин иқдомему он таваҷҷуҳи мардуми кишварамонро ба худ ҷалб менамояд. Албатта ин падидаро як зуҳуроти мусбати афкори ҷамъиятӣномидан мумкин аст, ки ба дарки мафҳуми фалсафаи офариниш пайванде дорад. Илму маърифат бо ташкилотҳои ҷамъиятии пешқадам алоқамандии зич дорад, ки бо онҳо дар робита будан шарт ва зарур аст.
Алҳол ҷумҳурии мо, ки бо суръати тез дар ҳоли инкишоф аст, зиёиён, мутафаккирон ва бисёр ходимони бузурги давлатӣсистемаи комили таълимоти оқилонаро роҳандозӣнамудаанд. Ҳар кӣхиради бедор дорад, яъне бо чашми хирад дар олами ҳастӣменигарад, ҳеҷ гоҳ дар миёнароҳ намемонаду бурдбориҳо ёраш мегардад. Бинобар ин, бо итминони комил матлаберо гуфтаниам, ки мардуми сарбаланду маърифатпарвари сарзаминамон дасти дар шохаи маърифат задаи хешро аз он барнагиранд, то ки ӯ бо сарсабзии ҳамешагии худ моро ба қуллаҳои баланди маърифат расонад.
Шаҳлохон Исматова, мудири шуъбаи таълимии МТМУ №12–и “Ҷамоати Ваҳдати миллї”-и ноҳияи Ҷайҳун.