“ОҒОЗИ СОЛИ ХОНИШИ 2020-2021”

Имрӯз раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода А. А дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ба номи Ш. Шоҳтемур ноҳия устодону шогирдонро ба муносибати Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави 2020-2021 табрик гуфтанд.
Таъкид карданд, ки мақомоти дахлдор, алалхусус кормандони соҳаи маориф дар соли нави таҳсил вобаста ба вазъи бемориҳои сироятӣ бояд ба масъалаҳои безараргардонии муассисаҳои таълимӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ диққати ҳамарӯза дода, ба хотири пешгирӣ аз сироятёбӣ корҳои тарғиби тарзи ҳаёти солимро тақвият бахшида, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усулҳои сарироҳӣ, хона ба хона, синф ба синф, аз устод ба шогирд ва аз кӯдак ба кӯдакро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, дар ҳифзи саломатии худ ва атрофиён саҳмгузор бошанд.
– Ҳамаи шумо – устодон ва хонандагону волидайни азизро ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ инчунин бо ҷашни фархундаи миллии дарпешистодаи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, боварӣ дорам, ки омӯзгорон тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи насли наврас равона карда, ҳамчун ҷавонони донишманд ба воя расонида, дар оянда барои халқу ватани азизамон хизмат хоҳанд кард.