Дар баъзе аз деҳоти Тоҷикистон волидайн сади роҳи идомаи таҳсили духтаронашон дар синфҳои 10-11 мешаванд, ки боиси нигарогнӣ аст. Зеро духтаргони деҳот низ модарони ояндаанд ва бояд фарзандонеро ба воя расонанд, ки дар ин ҷаҳони пурталотум ва пешрафтаи садаи XXI зиндагӣ ба сар баранд. Аммо модари бесавод ё камсавод намеетавонад фарзанди худро барои зиндагии шоста дар ин ҷаҳони саропо рақобат омода созад. Чунин мушкилотро кишварҳои мутараққии ҷаҳон ба андозае бартараф кардаанд. Масалан, Ҷопон кишвари пешрафтатарини дунёст ва нақши маорифу илм дар рушди он хеле бузург мебошад. Модар ҷопонӣ вазифадор аст, ки фарзанджи худро то 6-солагиаш ба мактаб омода созад, яъне хондану навиштан ва амалҳои арифметикиро омӯзонад, чунки барои дохил шудан ба синфи якум довталаб бояд имтиҳони хату савод супорад. Агар имтиҳонҳоро супорида натавонад, ба модар лозим меояд, ки боз як соли дигар фарзанди худро савод омӯзад ва омодаи мактаб намояд. млодари ҷорпонӣ баробари омӯзгорон дар тарбияву таълими фарзанди худ масъул аст. Кори асосии модар дар Ҷопон таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад.
Зиндагиномаи кашшофи машҳури амрикоӣ Томас Эдисонро мисол меорам. Томаси шашсоларо модараш ба мактаб мебарад, аммо камее нагузашта ӯро аз мактаб меронанд. Модар тарбияи Томасро ба ӯхда гирифта, чанд муддат ӯро таълим медиҳад. Томас ба мактаб дохил шуда, онро хатм мекунад ва камее дар соҳаи барқ кор карда, сипас бо динигоҳ дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм менамояд. Бо гузашти вақт Томас дар риштаи барқ садҳо кашфиётҳо мекунад ва билохира ба бузаргтарин мукофоти соҳаи илм дар ҷаҳон Ҷоизаи Нобел шарафёб мешавад.
Нависандаи машҳури Фронса Онаре де Балзак дар бораи модар чунин суханони пандомез мегӯяд: «Модар, ки ҳақиқатан модар, ҳеҷ гоҳ фурсати холӣ надорад». Зарбулмасали англисӣ чунин садо медиҳад: «Як модари хуб ба сад омӯзгор меарзад».
Шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар васфи модар фармудааст:
Сиришти ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Ай модар ба ин сон бесаводӣ,
Аввалин устоди ман ту будӣ.
Ё
Як сухани бенамаки модарон,
Беҳ зи ҳама ҳикмати донишварон,
Як асари маслиҳати модарон,
Беҳ зи ҳама доварии доварон.
Модар агар босавод бошад, фарзанди ӯ бесавод нахоҳад монд. Мегӯяед, ки агар падар бесавод бошад ними бадбахтӣ, лекин агар модар бесавод бошад, бадбахтии калон. А з ин рӯ, таҳзили духтарон зарур аст. Баҳри пешрафти кишвар коркунони соҳаи мактабу маорифро зарур аст, ҳарчӣ бештар духтарони лаёқатманди деҳотро ба таҳсил фаро гиранд, то модари ояндаи тоҷик босавод шуда, дар таълиму тарбияи фарзанди худ саҳм гузорад.
Инсонро модар ба дунё меоварад. Агар фарзанд солеҳ бошад, пас ӯ на танҳо ифтихори волидайн, балки ифтихори оламиён мегардад. Албатта Гомер, Рӯдакию Фирдавсӣ, Хайёму Ҳофиз, Баху Бетховен, Робндранат Такуру Муҳаммад Иқбол ҳама зодагони модаронанд ва онҳоро низ устоди нахустин модарон тарбияи ненк доданд. Ба ин тартиб модарон рисолати хешро дар зиндагӣ иҷро намуда, бузургфарзандонро ба оламиён тақдим намуданд.
Шукри беҳад имрӯз дар кишвари мо ҳама чиз муҳайёст. Чаро мо намегузорем, ки духтарон илм омӯзанду бомаърифат шаванд? Магар духтаре, ки бесавод аст, метавонад дар оянда фарзанди баркамолро ба воя расонад? Имрӯз инсонҳо аз офатҳои табиат, бемориҳои табобатнашаванда ранҷу азият мекашанд. Кишварҳои Ғарб ва Амрико триллиардҳо доллар харҷ намуда, ба кайҳон парвоз мекунанд, мо бошем ҳанӯз сади роҳи таҳсили духтарон мешавем.
Тоҷикистон биҳишти рӯи Замин аст, вале дар биҳишт будан ақлу заковати солим ва маърифат зарур аст. Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ яке аз доротарин кишвар аст, вале конҳои мо ҳоло кашф нашуда, дар зери замин ганҷҳои бебаҳо беҳуд хоб рафтаанд. Фарзандонамон аз бесаводӣ ба корҳои сиёҳ машғуланду музди ночиз мегиранд ва ё дар муҳоҷирати меҳнатии кишварҳои бегона саргардону ҳайрон. Олими англис Виктор Сэмуел барҳақ гуфтааст: «Илм барои инсоният калиди қулфкушои хазинаи табиат мебошад».
Барои қулфкушои хазинаи табиат будан бояд муҳаббат ба илму донишро дар замири кӯдакон парварид.
Ҷавонон – умеди фардои миллат
Духтарони моҳҷабини тоҷикон,
Соҳиби маърифату ҷӯёи илму ирфон.
Илм омӯзанду донишманд гарданд,
Мегиранд таълими хуб аз модарон.
Чевару кадбонуанд ин дилбарон,
Касбҳо омӯхтаанд аз волидон.
Ҳунарҳои қадим бунёд карданд,
Дидаанд меҳнати дасти бонувон.
Умеди фардои миллат аз ҷавонон,
Кунанд ин мулкро охир гулистон.
Дар озмунҳо мудом ғолиб бароянд,
Гулу гулзор шавад, ҷон Тоҷикистон.
Моҳрхушлиқо, донандаи чандин забон,
Ҳастанд бо халқ ҳалиму меҳрубон.
Зи сахтиҳои рӯзгор онҳо натарсанд,
Обрӯи ноҳия аз фитрати ин бонувон.
Замин аз дасти онҳо шуд гулистон,
Бишуд ҳар ҷой пайдо боғу бӯстон.
Кунун Ҷайҳуни мо шӯҳрат физояд,
Қадрдонӣ шавад кори бори духтарон.
Умаралӣ Юсуфов, омӯзгори МТМУ № 8