Бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳуҷҷатгузорӣ, интизоми иҷро, муроҷиати шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ риояи муҳлати иҷро, сари вақт ташкили муросилоти ҳуҷатҳо ва пешниҳод намудани ахбор оид ба иҷрои асноди назоратӣ ва иҷрои талаботи дастурамали коргузорӣ навобаста аз он, ки аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят семенарҳои омӯзишӣ ва ёрии амалӣ расонида шуд. Дар семенари имруза мудири бахши назорати дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Азимзода Г., сармутахассиси шуъбаи умумӣ ва махсуси дастгоҳи раиси вилоят Алимов Н., ва мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилоят Шарифзода С., иштирок намуданд.