“ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАБИБОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН”

Имрӯз, 20 август, дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоти раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода А. А. бо кормандони соҳаи тибби ноҳия ба муносибати Иди касбии табибон баргузор гардид.
Раиси ноҳия зимни суханронии худ дар ин вохӯрӣ қайд кард, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои меҳварии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Саломатӣ сарвати бебаҳо, омили рушди устувори ҷомеа, ҳолати солимӣ ва некӯаҳолии халқ инъикоскунандаи вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фардои дурахшони ҳар як миллату давлат мебошад. Маҳз ба шарофати сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи мазкур бесобиқа пешрафт намуда, заминаи моддию кадрӣ ва техникии муассисаҳои тиббӣ беҳтар гардонида шудаанд.
Боиси қайдаст, ки аз фаъолияти пурмаҳсули табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар давраи пандемияи коронавирус ёдоварӣ карда, ба онҳо барои он ки ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти ҳамватанон тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Дар ҳамоиши мазкур инчунин як қатор табибони ҳозиқ барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи тандурустӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб, бахшида ба таҷлили зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Сипосномаи раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.