Эй ки Пешвои адолатпарварӣ,
Дар замири кишварам чун ахтарӣ.
Ифтихори тоҷикон андар ҷаҳон,
Шукри Эзид бар сари мо сарварӣ.
Умратон бодо дароз эй шоҳи ман,
Доимо бош сарфароз эй шоҳи ман.
Мулки моро боғи ҷаннат кардаӣ,
Ин ҳама аз баҳри миллат кардаӣ.
Аз шумо розӣ ҳама пиру ҷавон,
Баҳри халқ, на баҳри шуҳрат кардаӣ.
Умратон бодо дароз эй шоҳи ман,
Доимо бош сарфароз эй шоҳи ман.
Эй муҳиби Холиқи кавну макон,
Доимо болои тахту минбарӣ.
Ё Рабо Пешвои мо фархунда бод!
Аз самими дил бигўяд Ҳайдарӣ.
Умратон бодо дароз эй шоҳи ман,
Доимо бош сарфароз эй шоҳи ман.