ВОКУНИШ: Ободиву пешравӣ ва гулгулшукуфии ҳар як давлати рӯи олам пеш аз ҳама аз бузургии халқи бо нангу ораш манша гирифта рушд мекунад, пеш меравад аз он ҳам ободтар мегардад ва ҳазор-ҳазорҳоро дар роҳи пурифтихор тарбия намуда, дар сояи амну-амонӣ маскан намуда, номи миллату давлат, расму оин ва урфу одати аҷдодонашонро аз насл ба насл ба мерос мегузорад.
Сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистони муосир, ки худ нооромиҳои сиёсиро аз сар гузарондааст, қадру манзалати махсус дорад. Ин неъмати бебаҳо ба туфайли заҳматҳои шабонарузии миллати тоҷик зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Гумон накунед, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон, ҷанги таҳмиллии шаҳрвадиеро, ки аъзои ташкилоти террористӣ экстремистии собиқ ҲНИ таҳти роҳбарии раиси ин ташкилоти наҳс Муҳидин Кабирӣ барангехтеду аз оқибати амалатон тарсида дума хода карда, аз Ватан бе Ватан гаштед, фаромӯш кардаанд? Ҳаргиз гумон ҳам накунед, ки бо лақидан дасти ба хуни ҳазорҳо одамони бегуноҳ олудаи худро мешӯед. Ин амри маҳол аст.
Пӯшида нест, ки ташкилоти террористӣ экстремистии Ҳизби Назҳати Ислом аз рузҳои аввали фаъолияташ сиёсати душманона, ғаразнок ва мақсаднокро нисбати миллати тоҷик пеша карда, дар сафҳои худ одамони аз давлату миллат норози, шаҳсони ҷиноятпеша ва ё ба эксремизм майлдоштаро гирд оварда, ҳар сари ҷанд вақт дасисае ё иғвоеро дар фазои сиёсии кишвар роҳандозӣ мекард.
Аксари мардуми бошарафи тоҷик медонад, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандони Тоҷикистон дар асри гузашта маҳз бо дасисаю хокимиятхоҳии гуруҳе аз ба ном ҳомиёни дини мӯбини ислом сар зада буду оқибатҳои фоҷиаборе ба сари кишвар рехт. Вале чун оромию сулҳу вахдат дар кишвар барқарор шуд, ки гуруҳҳо дар фикри таъсиси ташкилоте ба монанди ТТЭ собиқ ҲНИ шуданд ва онро ташкил карда, ниятҳои худро хостанд бо роҳи демократӣ амалӣ намоянд.
Имрӯз роҳбари ин ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабири, ки дар хориҷи кишвар қарор дорад, ба ину он беасосу беҳуда шиква мекунад, ки гуё сари ӯ фишор меоранду атрофи онҳо иғво меангезанд. Аммо Қабири боре аз худ намепурсад, ки дар давраи роҳбариаш ҳамчун раиси ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ҷи навигарие барои мардум кард буд? Ҷи пешниҳодоти ҷолиб барои рушду нумуи кишвар кард буд? Ҳатто роҳи зодгоҳашро дуруст накард, ки худаш метавонист оромона ба аёдати наздиконаш равад.
Рӯзи 29 июли соли 2018 гурӯҳи ҳафтнафараи сайёҳони дучархасавори хориҷиро, ки аз самти шаҳри Кӯлоб ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ҳаракат мекарданд, аз ҷониби дастаи ҷиноятпешаи пайравони ТТЭ ҲНИ, ки маҳз бо нақшаҳои пешаки тарҳрези намудаи Муҳидин Кабирӣ амалӣ шуда буд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар натиҷаи ин амали ваҳшонияти наҳзатиён чор нафари сайёҳон ҳалок гардида, ду нафари дигар ҷароҳати сахт бардошта ба беморхона интиқол шуданд.
Ҳадафи ин амали террористӣ маълум буд, бадном кардани давлату миллати тоҷик дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ.
Аз лаҳзаҳои аввали содир шудани ин ҷиноят бо дастури хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарвари мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳои қудратии кишвар барои дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани афроди дар ин ҷинояти ғайриинсонӣ дастдошта сафарбар гаштанд.
Воқеан ҳам Кабирию ҳамамаслаконаш умедвор буданд, ки соли 2018 чун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуда буд, дар натиҷаи амалӣ гардидани ин нақшаи ноҷавонмардона метавонад, нигоҳи сайёҳонро барои сафар ба Тоҷикистон тағйир диҳад ва талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар ин самт ва рушди соҳа барҳам занад. Аммо хушбахтона бо амалӣ намудани ин ҳадафи нопокашон онҳо болои номи сиёҳи худу тарафдоронаш боз нафрати миллат ва ҷомеаи ҷаҳониро зиёдтар сабт намуданд.
Имрӯз уву думравонаш дар хориҷи кишвар нишаста боз, чун мусичаи бегуноҳ аз ҳуқуқҳои башар ҳарф мезананд. Яъне чун каждум табиати онҳо чунин аст, ҳам неш мезананду ҳам барои тамошо дасту остин бар мезананд. Худ намедонанд, ки интиҳои роҳи онҳо то куҷост? Рӯзе мешавад, ки ин зархаридони хориҷӣ барои хоҷагони хориҷияшон нодаркор мешаванду худи ҳамин хоҷагон шармандавор дар чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмиллаӣ кафши онҳоро пеш хоҳанд гузошт. Пас ба куҷо мераванд?! Ватан рӯ ба рӯи номи онҳо хати сиёҳ кашидаву миёни мардум ҳамчун ватанфурӯшу хиёнаткор ном баровардаанд.
Дар охир гуфтаниям, ки барои ҳар як фарди Ҷумҳурии азизамон зарур аст, ки тамоми rуваю малакаи хешро ба бунёди Ҷомеаи озоду, солим равона кунад, баҳри ҳаёти осоиштаи инсоният, насли Ҷавонро тарбия намуда, онҳоро дар руҳияи ватандустӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ тарбия намояд.
Сабурзода Насим-муовини раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун