Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру супоришҳо аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-27 январи соли 2021 дар Ҷамоати деҳоти «Қумсангир» вохӯри бо сокинони ҷамоати мазкур баргузор гардид.
Дар ин вохӯри Нақшов Фазлиддин – сардори бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар, Ҳасанзода Тағоймурод – раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Зулматов Қобил – раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, Султонов Ином – собиқадори меҳнат, Каримов Алишер – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия ва Идиев Зоҳир – раиси Ҷамоати деҳоти «Қумсангир» иштирок ва суханрони намуданд.