Вобаста ба иҷрои ҷадвали баргузории вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру супоришҳо аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-27 январи соли 2021, роҳбари гурӯҳи корӣ Нақшов Фазлиддин – сардори бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар ва аъзоёни гурӯҳ дар Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» бо сокинони ҷамоати мазкур вохӯри доир намуданд.