н. Ҷайҳун. 30.03.2021. Имрӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун, даъвати шашум доир гардид.
Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси ноҳияи Ҷайҳун даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор сурат гирифт.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳрирӣ ва тартиби кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он масъалаҳо Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 10 сентябри соли 2014, №527 «Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 майи соли 2014, №11 «Дар бораи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2014, №294 «Дар бораи Барномаи ноҳиявӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар ноҳия барои солҳои 2014-2023, Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун «Оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи захираҳои табиӣ», Ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии №4 Сабурзода Насим ва инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Ҷайҳун ворид гардид.