Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сулҳҷӯю сулҳофар фаъолияти роҳбарии хешро баҳри рушду тараққӣ ва суботу амнияти миллати тоҷик оғоз намуд.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дигар сарони давлатҳои ҷаҳон дар кишвари орому осуда сари қудрат наомад, балки дар як мулки ҷангзадаи хароб ва рӯ ба нестӣ, ки кас ҷуръати роҳбарияш накард, бо матонату шуҷоати фарзонафарзанди хеш сари қудрат омад. Аз оғози роҳбарии хеш чуноне, ки қайд намуданд «Ман корро аз сулҳ оғоз мекунам…» амал намуда, дар як муддати кутоҳ тавонист миллати парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ намуда, Тоҷикистони азизро аз вартаи нобудӣ раҳонида, ба як давлати тинҷу ором ва рӯ ба тараққӣ табдил диҳад. Пешвои миллат фарзанди фарзонаи халқ ба хотири ояндаи неку рушду равнақ ёфтани мамлакат бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон роҳи пайванди ҳамгироӣ ва сулҳофарӣ ҷустуҷӯ мекунад. Дар як замоне, ки кас боварӣ аз ояндаи дурахшони ин кишварро надошт, ҳатто барои як соати зиндагӣ дар шароити онвақтаи ошубҳои дохилӣ, ки модар баргаштани фарзанд ё зан баргаштани шавҳари хешро, ки шояд барои як пора нон аз хона берун шуда буд, надошту бо сад хаёлу гумон интизорӣ баргаштанашро мекашид. Дар лаҳзаҳое, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кӯдаконро пахш карда буд, ин сарвари сарсупурдаи миллат барои ҳифзи ҷону моли мардумаш ва барои оби чашми ҳар як ятиму бечораю бенаво ва баҳри ҳифзи обрӯи ҳар як ҳамватан худро масъул медонисту сина сипари тири разилони меҳан намуда, борҳо ба минтақаҳои ҷангзада чун кишвари бо мо дӯсту бародар Афғонистон сафар намуда, бо аҳди худ ҳамон тавре, ки қайд кард вафо карду бо садоқат худро нисбати халқу миллати худ нишон дод, ки умеду бовариро ба сулҳу Ваҳдат ва ояндаи неку дурахшони Тоҷикистон дар дили мардум бедор намуд.
Раҳондӣ аз ҳалокат ҷисму ҷони Тоҷикистонро,
Ба паҳнои ҷаҳон бурдӣ ҷаҳони Тоҷикистонро.
Ниёзу рози миллатро ба минбарҳо баровардӣ,
Кушоди дар ҳама минбар забони Тоҷикистонро.
Оре, дар воқеъ Сарвари оқилу доно ва маҳбуби дилу дидаи миллат тавонист бо ҳама гуна низоъу душмании дохилӣ, ки дар солҳои 1991-1992 бо дасисаҳои гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ҲНИ сар зада буд, хотима бахшад ва ба ҷаҳониён давлатеро ба номи Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳҷӯю сулҳхоҳ ва сулҳпарвар муаррифӣ намуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати орифона ва сулҳпарваронаи худ дар тули 30-соли сарварии хеш бо садоқату самимият ва талошҳои бемисл дар роҳи ноил гаштан ҳадафҳои арзишманди миллӣ, беҳтар намудани шароиту имкониятҳо баҳри зиндагии шоистаи мардум, таҳким бахшидани сулҳу суботи комил мушарраф гардад. Ҳамин аст, ки барои саҳми арзандаву комил гузоштан баҳри сулҳу салоҳи башарият дар арсаи ҷаҳон ҳамчун Пешвои асри 21 эътироф ва шинохта шуд.
Барои хизматҳои шоиста ва садоқат ба халқу миллат 11 декабри соли 1997 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон унвони Олии «Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 14 ноябри соли 2016 унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» дода шуд.
Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як ҷойгоҳ, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат аз тарафи мардум ба он сазовор гаштааст, ки ин далели возеҳ ва раднашаванда аст.
Мо ҷавонон пайрави Пешвои муаззами худ ва Пешвои муаззами мо бо мову Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарвари сулофаринаш ба сӯи ояндаи озоду обод ва созандаву поянда равонаем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун абармарди замон, хирадманду нуқтадон, ғамхору соябони сари ятимон, дастгири пиру ҷавон, мунодии сулҳ дар ҷаҳон мешиносанд.
Мардуми шарифи тоҷик хизматҳои софдилона, ғамхориҳои падарона, сиёсати созандаву бунёдкорона барои ба даст овардани сулҳу ваҳдати ҷовидонаи ин фарзанди фарзонаи миллатро дар тарозуи ақл санҷида ба вай унвони Пешвои миллатро лоиқ донистаанд, ки дар ҳақиқат лоиқу арзанда аст.
Сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун
Фарида Амридинова