Таҷлили бошукӯҳи рӯзи Парчами давлатӣ
Санаи 24 ноябри соли 2022 дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун чорабинии сиёсии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷайҳун, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарон ва ҳайати кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ширкат варзиданд. Баргузории чорабинӣ бо роҳпаймоии умумии фаъолони…
Суханронии раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили рӯзи Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи Президент» таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олӣ-наќши калидӣ дар эҳёи ормонҳои миллӣ”
Ҳозирини гиромӣ, Дӯстони азиз, Меҳмонони арҷманд! Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон таҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд. Бо ифтихору сарфарозӣ аз фазои сулҳу дӯстӣ ва амнияти пойдор дар кишвари азизамон ҷашни 30-юмин…
Гузориш аз таҷлили ҷашни Иҷлосияи тақдирсоз ва «Рӯзи Президент» дар ноҳияи Ҷайҳун
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола 16 ноябр дар сартосари мамлакат ҳамчун санаи муҳими таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» «Рӯзи Президент» таҷлил мегардад. Ба ин хотир, мардуми шарафманди ноҳияи Ҷайҳун низ бо ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ин санаи фархандаро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Чорабинии тантанавӣ, ки…
Вохуриву суҳбатҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар бо интихокунандагон дар ноҳияи Ҷайҳун
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои аз 14 ум то 22 октябри соли 2022 дар ноҳияи Ҷайҳун оид ба масъалаҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷуҳурии Тоҷикистон, самаранок истифодаи ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва захираи дусолаи …
Э Ъ Л О Н И № 4 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯ Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой. Талаботи тахассусӣ барои довталабон: – таҳсилоти олии касбии филолог, ҳуқуқшинос, сотсиолог, психолог, иқтисодчӣ ва мутахассиси соҳаи идоракунии давлатӣ. – донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, малакаи хуби муошират…
Оммафаҳмонӣ доир ба пешгирии хавфи терроризм ва экстремизм – ҳамчун зуҳуроти номатуб
Ҳафтаи гузашта аз тарафи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади баланд бардоштани худогоҳӣ ва маърифатнокии наврасону толибилмон ва гузаронидани корҳои оммафаҳмонӣ доир ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамчун хатарҳои глобалӣ миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар он котиб-коргузори Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Инъомҷон Султонов ва котиби…
Таҷлили «Рӯзи Рӯдакӣ» дар муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи омӯзгорӣ- муҳандисӣ» дар ноҳияи Ҷайҳун
Рӯзи 22 сентябри соли ҷорӣ Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи омӯзгорӣ-муҳандисӣ» дар ноҳия, ки фаъолияти асосии он омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ мебошад, бо мақсади гиромӣ доштани таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, инчунин ёде аз адибону орифони оламшумули тоҷик чорабинии фарҳангӣ оид ба ҳаёт ва зиндагиномаи сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик, Одамушшуаро, Султони шоирон, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доир намуданд, ки дар он аз…
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ИҚДОМИ САРИВАҚТИИ ҶОМЕА МЕБОШАД
Суханронии муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун, раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун Бахтдавлатзода Гулбаҳор Бахтибек – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 3 дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони ноҳияи Ҷайҳун (даъвати шашум) Муҳтарам Раис, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва ҳозирини гиромӣ! Яке аз падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва…
ИТТИЛООТ Дар бораи Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун (даъвати шашум)
Мутобиқи моддаҳои 8, 9 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун таҳти № 907 аз 21 сентябри соли 2022 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун рӯзи 28 сентябри соли 2022 Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун (даъвати шашум) даъват гардида…