Э Ъ Л О Н
Э Ъ Л О Н И № 1 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯ Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой. Талаботи тахассусӣ барои довталабон: – таҳсилоти олии касбии филолог, ҳуқуқшинос, сотсиолог, психолог, мутахассиси соҳаи идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои ба…
Гурӯҳи корӣ ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо
Дар асоси дастуру супоришҳои протоколии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шӯрои нозирон оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо роҳбарии муовинони раиси вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо, ҷалби сармоягузорони хориҷию ватанӣ ва тақвияти фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии вилоят таъсис дода шуда буд. Имрӯз, 18 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки раиси…
Нишасти матбуотии раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода А. А.
Рӯзи 17 феврали соли 2021, дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун нишасти матбуотии раиси ноҳия Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор бо иштироки беш аз 23 намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барогузор гардид. Раиси ноҳия ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории хубу пурсамар, дастгирии сиёсати давлат, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия…
Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо оид ба шарҳу муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо оид ба шарҳу муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 январи соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун вохӯри бо эмомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта баргузор гардид.
«Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Вобаста ба иҷрои ҷадвали баргузории вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру супоришҳо аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-27 январи соли 2021, роҳбари гурӯҳи корӣ Нақшов Фазлиддин – сардори бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди…
Вобаста бо корҳои ободонию бунёдкорӣ
Вобаста бо корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамоати деҳоти «Истиқлол», деҳаи Лоҳутӣ майдончаи варзишии замонавӣ ва сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 нафар дар як баст бо маром идома дорад.
Ободонию созандагӣ
Баҳри созовор истиқбол ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун, Ҷамоати деҳоти «Қумсангир», деҳаи Ҳомиёни бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои сохтмонии пули мошингузар бо дарозии 25 метр ва паҳноии 8 метр аз тарафи сокинони деҳаи мазкур бо маром идома дорад.
Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун
Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру супоришҳо аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-27 январи соли 2021 дар Ҷамоати деҳоти «Қумсангир»…
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони…
Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар ноҳия бар асоси талаботҳои муайяннамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» амал менамояд. Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад. Мӯҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол…