Тибки накшаи муштараки ташкилоти ҷамъиятии “Муқовимат бо коррупсия, экстремизм ва терроризм дар ҳамбастаги бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар” имруз бо кормандони ташкилоту идораҳо ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия семинар дар мавзўи “Коррупсия, экстремизм ва терроризм – ҳамчун зуҳуроти номатлуби замони муосир (дар самти пешгирӣ)” доир мегардад.
— дар вохӯрӣ иштирок намуданд намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоянда аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоянда аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оила, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд ёдовар шуд, ки коррупсия имрӯз яке аз зуҳуроти хавноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Аз ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ноил шудан ба соҳибихтиёрӣ ба масъалаи мубориза бар зидди коррупсия, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин падидаи номатлуб, ки обу рӯи давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ доғдор менамояд. Барои аз байн бурдани он пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад.
Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.
Ин гуфтаҳои Пешвои миллат баёнгари он мебошад, ки хатару таҳдидҳои терроризм таъсири манфии худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мерасонанд ва даст задан ба чунин амалҳо метавонад шахсро ба анҷом додани ҳама гуна амалҳои номатлуб равона созад. Аз ин рӯ, дастаҷамъона бар зидди зуҳуроти терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон бурдан зарур аст.



