Дар ноҳияи Ҷайҳун таҷлили рӯзи Президент бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Иҷлосияи 16- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик Иҷлосияи тақдирсоз буда зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанги хонумонсӯз наҷот дода, тақдири истиқлолияти Тоҷикистонро ҳал намуд. Зимни ҳамоиш роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор тамоми сокинони ноҳияро ба ин ҷашн табрику муборак бод гуфта, қайд намуд, ки саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот дар ва пойдории истиқлолияти давлатӣ басо бузург аст. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷонибӣ кормандони бахши фарҳанги ноҳия чорабинии фарҳангӣ пешкаши ҳозирин
гардонида шуд.


