ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Санаи 3-юми сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №53-и ноҳия бахшида ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Ализод Азизулло Муҳибулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии давлатии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурзода Саид Холаҳмад, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ва ташкилоту муассисаҳо, намояндагони соҳаҳои гуногун ва фаъолони ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Ализод Азизулло Муҳибулло оғоз гардид, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлоли ва нақши он дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро таъкид намуданд.

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур намояндаҳо низ суханронӣ намуда, аҳамияти Истиқлоли давлатиро дарҷ намуда, куллӣ мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ҷайҳунро бо ин ҷашни бузурги миллӣ табрик намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони муассисаву ташкилотҳо ва фаъолони ноҳия Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.