Устодони арҷманд, омӯзгорони гиромӣ ва кормандони соҳаи маориф !
Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатии комил, хотири ҷамъ, рӯзгори обод ва дар роҳи пуршарафи таълиму тарбияи насли наврас комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Омӯзгор шахсест, ки бо қалами хеш дар саҳифаҳои зиндагии инсонҳо роҳи илму маърифатро мекушояд. Меҳнати устод танҳо таълим додани дониш нест, балки тарбия намудани инсони комил, ватандӯст, соҳибмаърифат ва созанда мебошад. Ҳар як дастоварди шогирд, ҳар як қадами устувори ӯ дар роҳи зиндагӣ самараи заҳмату меҳри омӯзгор аст.
Шумо омӯзгорони азиз бо масъулияти баланду муҳаббати беандоза ба касби муқаддаси худ дар тарбияи насли ояндасози Ватан саҳми арзанда мегузоред. Барои ин хизмати бузург ва фидокориатон эҳтирому сипоси самимӣ баён менамоям.
Бигзор дарҳои мактабҳо ҳамеша барои илму дониш боз бошанд, қадби ҳар як устод аз ифтихори шогирдонаш саршор гардад ва заҳматҳои пуршарафи шумо ҳамеша бо натиҷаҳои нек қадрдонӣ шаванд.
Рӯзи омӯзгорон муборак бошад !
