Ҳамдиёрони азиз !
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳияи Ҷайҳунро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегуям.
Забон яке аз рукнҳои асосии давлат ва давлатдории миллӣ буда, ҳар як миллат маҳз ба василаи забон ҳамчун миллати соҳибихтиёр ва соҳибтамаддун шинохта мешавад. Забон воситаи ягонаи ҳифзи мероси гаронбаҳои моддӣ ва маънавии ҳар як халқ ба ҳисоб меравад. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ боиси ифтихор ва хурсандии ҳар яки мост ва онро бешубҳа, метавон яке аз дастовардҳои бузургтарини соҳибистиқлоли кишвари азизамон арзёбӣ кард. Ин аст, ки барои гиромидошти забони давлатӣ ҳамасола 5- октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз бо шарофати сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мақоми устувор пайдо намуда, барои рушду такомули минбаъдаи он заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ҳамаи шумо – сокинони азизу шарафманди ноҳияи Ҷайҳунро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ, саломатӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Бигзор забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатдорӣ, фарҳанг ва ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдор ва ҷовидон бошад.
Рӯзи забони давлатӣ муюорак ҳамдиёрони азиз !
