Day: Сентябр 9, 2021
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Нӯҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад. Халқи азизи Тоҷикистон сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишвари маҳбуби худро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд. Зеро истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ…































