Гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади баланд  бардоштани  маърифати оиладорӣ, пешгири аз  зуровари дар  оила, пешгирии тақлид  ба  либосу  фарҳанг  ва расму  оини бегона, пешгири  аз  монеъшавии ба  таълимоти асоси хонандагон, пешгирии таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динӣ, огоҳсозии ҷавонон аз  макру  найранг  ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳизбу  ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз  рӯи усули «Хона ба  хона» вохуриҳои инфиродӣ доир намуда  истодаанд.

Барои таҳлилу  баррасии масъалаҳои мазкур  дар  назди  муовини раиси ноҳия Бахдавлатзода Гулбаҳор ситоди доимоамалкунанда ташкил  шудааст, ки ҳар  ҳафта аъзоёни гуруҳҳои корӣ ҷамъ шуда  аз натиҷаи  корҳои иҷрошуда ҳисобот  медиҳанд.