ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Санаи 8 ноябри соли ҷорӣ дар толори фарҳанги ноҳия ба муносибати Рӯзи милитсия чорабинии идона доир гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони соҳа, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд. Раиси ноҳия Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор ҳайати шахсии шуъбаи корҳои дохилиро ба муносибати иди касбиашон – Рӯзи кормандони милитсия самимона табрику шодбош гуфта дар кору фаъолияти шабонарӯзии онҳо бурдбориҳо орзу намуданд. Дар идомаи чорабини ба чанде аз кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун барои фаъолияти арзанда ва иҷрои баланди вазифаҳои хизмати бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотирваӣ сарфароз гардонида шуданд.