Вобаста  ба  иҷрои дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декбри соли 2023 ва дар мулоқоти навбати бо фаъолон аҳли ҷомеа ва ходимони динӣ   ҷумҳури санаи 9  марти соли 2024  ироа  намуда  буданд. Дар  ноҳия  нақшаи чорабиниҳои муштарак таҳия  ва тасдиқ  гашта, дар  ҳар  як  деҳаву  маҳаллаҳо бо  аҳолии ноҳия  суҳбату  вохуриҳо  доир  шуда  истодааст.

Суҳабату  вохуриҳои мазкур фарогири масъалаҳои мубрам буда,  оиди риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар  бораи масъулияти  падару  модар  дар таълиму  тарбияи фарзанд», «Дар бораи тарбияи  ватандӯстии шаҳрвандон», баланд  бардоштани рӯҳияи худогоҳиву  худшиносии ҷавонон ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳошияи  «Соли маърифати  ҳуқуқӣ эълон  гардидани  соли 2024», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба  ҳизбу  ҳаракатҳои ифротӣ,  даъвати ҷавонон ба  хизмати ҳарбӣ, инчунин оиди роҳандозӣ  намудани корҳои ободонию  созандагӣ, истифодаи самараноки  заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони Президентӣ ва тозаву  озода  намудани маҳалӣ зист, хусусан хонаҳо,  кӯчаву  маҳаллаҳоро дарбар гирифта, дар  панҷ  деҳаи Ҷамоати деҳоти Яккадин ва дар ду  деҳаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия  гузаронида  шудаанд.

Дар суҳбату  вохуриҳои мазкур муовини раиси ноҳия Сабурзода Н., Прокурори ноҳияи Ҷайҳун Бобохонзода Ф.,  Раиси Суди ноҳияи Ҷайҳун Нурализода С.,  Сардори шуъбаи КДАМ дар  ноҳияи Ҷайҳун  Қурбонов М., Сардори ШВКД дар  ноҳияи Ҷайҳун Шарифзода А., Комиссари ноҳия Розиқзода О., мудирони шуъбаҳои рушди  иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раис, маориф,   Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  ноҳия, мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну  маросим, кор бо занон  ва оила, кор бо  ҷавонон ва  варзиши ноҳия вобаста  ба  масъалаҳои болозикр муфассал баромаду  суханрониҳо  намуданд.

Чунин суҳбату  вохуриҳо  идома  дошта дар  нақша  аст, ки    дар  49 деҳаҳои боқимондаи  ноҳия  ташкил ва баргузор  карда  мешаванд.