Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат рўйдоди ниҳоят муҳим мебошад.
Ба ин муносибат ҳамаи мардуми шарафманди ноҳияи Ҷайҳунро ба ифтихори ин рўзи фархунда муборакбод гуфта, ба онҳо ва дар шахсияти онҳо ба аҳли хонадонашон саломативу хушбахтӣ ва рўзгори ободу осуда тамано менамоям.
Аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳии сокинон тадбирҳои муҳим андешида, дар ин самт ба қабули рамз ва муқаддасоти давлатдорӣ, аз қабили Парчами миллӣ, Нишон, Конститутсия ва Суруди миллӣ замина фароҳам сохт.
Рамзҳои давлатии мо муқаддасоте мебошанд, ки шаҳрвандони кишварамонро дар рӯҳи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ, Ватану ватанпарастӣ тарбия менамоянд.
Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимаи давлатсозиву давлатдорӣ мебошад, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои муттамарказ ва рамзу рукнҳои хоси онҳо буд. Дар ин маврид тасвиру хусусиятҳои хоси Диравши Ковиёнро, ки ҳоло дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист. Парчами имрўзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳақиқат дар ҷаҳон давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёре нест, ки Парчам надошта бошад. Дар сиёсати давлатдорӣ, баргузории чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррўзаи ҳар кадоми мо Парчам мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Аз ҳамин ҷост, ки дар тамоми кишварҳои дунё ба Парчами миллии худ арҷу эҳтиром мегузоранд, бо он ифтихор мекунанд.
Барои хурду калони Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтар аз ҳама он аст, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бо нангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад. Аз ин рў, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.
Боиси хурсандии ҳамаи мову шумост, ки ба хотири эҳтирому садоқат ба Парчами давлатӣ манораи Парчам ба баландии 50 метр ва манораи Нишони давлатӣ ба баландии 29 метр дар маркази ноҳия қомат афрохта, корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Бигузор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо болои сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сўи ояндаи ободу осуда раҳнамун созад.