АХБОР

“ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ГӮШАИ ИМОН АСТ”

“ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ГӮШАИ ИМОН АСТ”

Ватан ин диёри аҷдодии ба мо меросмонда мебошад, ки бо ҳама зебоӣ, шукуҳу шаҳомат, урфу одати хоса, замине, ки дар он ҳамаи абармардони халқи тоҷик зистанд ва меҳр дар ӯ бастанд ва дар ҳаққи ӯ достонҳо шеъру ғазалҳои худро бо меҳру муҳаббат нигоҳ доштаанд.

Пас меҳр дар Ватан бастан аз чӣ иборат аст?

Ин суол барои ҳар инсоне, ки мафҳуми ватандориро мехоҳад, бояд ӯ бифаҳмад, ки аз батни модар сар зада, ба он лаҳзае мерасад, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояду аз таровати он олами ҳастӣ нафас мекашад ва аз шири поку беолоиши модар истифода бурда, рӯз то рӯз ҳаёти худро идома медиҳад. Лаҳзаҳои аввале, ки дар мағзи майнаи ӯ саравал шинохти модар, шиносоӣ ба навозиши ӯ дар бедорӣ ва бо аллаи ӯ дар хоби нози тифли навзод оғоз меёбад. Суханҳои аввали овони тифлӣ, гиряву хандаҳо, қадамҳои аввал оҳиста – оҳиста инсонро бо камол расонида, ақли ӯро мустаҳкам менамояд, ки бо дуриҳои дур назар кунад ва меҳру муҳаббаташро нисбат ба он замин ва он чизе ки дар он замин аст ва барои ӯ муқаддас аст, бубандад. Пас мафҳуми Ватан ва ватандӯстӣ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам ба инсон вобаста аст ва инсон ӯро бояд фаромуш накунад. Фаромӯш накунад, ки чун ӯ аҷдодони мо ин мафҳумро аз сар гузаронидаанд ва ба мо мероси муҳаббати ӯро гузоштаанд. Фаромӯш накунад, ки азизони ӯ чун модару падар, акаву додар, апаву хоҳар, хешу таборони наздик, ёру дӯстон ва ҳамсоягон низ мисли ӯ дар ҳамин замини аҷдодӣ умр ба сар мебаранд ва ба ӯ меҳру муҳаббати беандоза доранд. Пас мафҳуми Ватандӯстӣ як мафҳуми якҷоя аст, ки аз ӯ ҷудо шудан мушкил аст. Зеро ҳамаи меҳру муҳаббат, дороию неъмат ғаму андуҳро он сарзамин ба амри Худо бардошт менамояд. Пас инсон бо кадом асос Ватанашро дӯст намедорад, ки дар он ин гуна ганҷинаҳо нуҳуфтааст.

Пас вазифаи ҳар фарди бо нангу номус аст, ки Ватанашро ҳимоя кунад. Албатта, дар зери нангу номуси Ватан он чизҳое нуҳуфтааст, ки шукуҳу бузургии Ватанро қабат – қабат зиёда мегардонад. Сараввал иффату номуси модарони мо, хоҳарони мо, духтарони мо ва ҳар зане, ки дар Ватани мост ва аз ҳама парастор он кӯдакону тифлакони бегуноҳ, ки ояндаи аҷдодони мо ҳастанд, бар далериву шуҷоати мо вобаста аст. Пас чӣ хел Ватанро дӯст намедорӣ, ки дар канори он чунин неъматҳои Худодод арзи вуҷуд доранд. Чунончӣ ин мисраҳои дилнишин, ки гуфтаанд:

Тоҷикистон, аз ту ман сарват намехоҳам Ватан ҳастӣ бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст…

Имрӯз шахсоне пайдо шудаанд, ки давлати аҷдодии моро мехоҳанд бо бегонагон тақсим кунанд ва зери ҳадафҳои нафсонӣ пора – пора кунанд.

Ватан ҷойи тақсимот бо бегонагон нест.

Ватан нангу номуси падарону ҷавонмардон, модарону хоҳарон, духтарони мо аст, ки ба мо вобаста аст. Бегонаро роҳ додан худ нангу номуси худро бо ду дасти адаб ба онҳо супоридан аст, ки ин нишонаи пасттарини инсон дар ҳаёт аст .

Бараъло ҳис менамоям нангу номуси беинтиҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳар порчаи замини аҷдодиро дар синаи худ гирифта, пуштибонӣ менамояд ва баҳри беҳбудии ҳар фарди тоҷик ва мардумони дар Тоҷикистон буда, бетафовут нестанд ва дар кафолати ӯ ҷой доранд.

Пас 4-ҳадафи стратегии давлат бо ташаббуси Пешвои миллат рӯз то рӯз ба анҷом расида истодааст.

  1. Ҳадафи расидан бо энергиякунонии мамлакат, ки ҳалли худро ёфт, дигар ҳеҷ фарди Тоҷикистони танқисиро аз ҳисоби қувваи барқ намекашад.
  2. Таъминоти амнияти озуқавории мамлакат, ки ин ҳам ба нуқтаҳои аъло рафта расида истодааст, ки Сарвари давлат бо як нангу номуси баланди худ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки халқаш таъминоти олии озуқаворӣ дошта бошанд ва аз меъёри ҷаҳонӣ ақиб намонанд.
  3. Раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, ки бевосита Сарвари давлат харҷи беинтиҳо баҳри ободонӣ нисбати роҳҳо, кӯпрукҳо, иншоотҳои соҳаи маориф, фарҳанг, варзиш ва дигар гуна сохтумонҳои зарурӣ карда, дар баробари ин мардуми тоҷикро бо ин хайрияи ҷория даъват менамояд.
  4. Саноатикунонии бо суръати кишвар, яъне сохта мавриди истифода қарор додани корхонаҳои хурду бузург дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷой кори доими ва ворид намудани тағйиротҳои кулли дар самти воридоти амволҳои гуногун.

Тазаккур менамоям, ки ҳисси Ватандорӣ ва Ватандӯстӣ дар рафтору кирдори Сарвари давлат бо забону қалбаш яксон аст. Мо сиёсати хайрхоҳонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро дар роҳи Ватандӯстӣ пуштибонӣ карда баҳри якпорчагии давлат ва пуштибони аз тамоми тоҷикони ҷаҳон бо ӯ якҷоя ҳастем ва шукр аз он мекунем, ки мо чунин сарвари оқилу доно ва бо ору номус дорем, хусусан додгустари халқи оддӣ, ки бисёр баҳри онҳо мекушад.

Таърих гувоҳаст ин саифаҳо дар таърихи халқи форсу тоҷик дар меҳру муҳаббати мардум бо ҳарфҳои зарин боқи мемонад, ки тоҷикон чунин сарвар доштанд, ки мардумро аз қашшоқӣ ва парокандагӣ раҳонида ба ояндаҳои дурахшон расонид.

Амридинзода Ф. Н.

Сармутахассиси бахши кор бо

ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун