Тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия саннаи 29 январи соли 2026 дар деҳаи “Вахши” Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Сабурзода Н, раиси Суди ноҳия Нурализода С, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадраҷабзода М, ёрдамчии прокурори ноҳия Сайфуллозода Ҷ, комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия Акбарзода К, раиси Ҷамоати деҳоти Истиқлол Наимова Г сӯҳбату вохӯриҳо бо сокинони деҳа доир гардид.
Дар вохӯрӣ шахсони масъул оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон саннаи 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ифротӣ ва дигар амалҳои номатлуб дар ҷомеа, истифодаи самараноки қувваи барқ, худсарона ғасб намудани қитъаҳои замин ва роҳҳои мубориза алайҳи коррупсия, талаботи қонунгузорӣ вобаста ба барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ баромад намуданд.



