Саннаи 26-уми январи соли ҷорӣ аз ҷониби и.в. раиси ноҳияи Ҷайҳун Ализод Азизулло Муҳибулло аз дидбонгоҳи сарҳадии №3-и ноҳия дидан намуданд. Зимни вохӯрӣ раиси ноҳия таъкид намуданд, ки сарбозон ҳомиёни асосии амният ва оромии кишвар буда, хизмати ҳарбии онҳо мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин ба сарбозон орзӯи саломатӣ, сабру таҳаммул ва муваффақият дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ иброз намуданд.
Аёдат мазкур боз як далели равшани ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба ҳомиёни ватан буда, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон нақши муҳим дорад.
Аз ҷониби раиси ноҳия ба сарбозон як адад телевизиони калонҳаҷм, маводҳои лозимаи сарбозон (сачоқ, хамираи дандоншӯи, собун, шампун, асбобҳои риштарошӣ), тақдим гардид. Ҳамчунин б


арои сарбозону афсарон хӯроки нисфирӯзи ва чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.
