ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Санаи 22-юми январи соли 2026 бо ташаббуси мақомоти Прокуратураи ноҳия ва Нақша-чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар Ҷамоати деҳоти “Қумсангир” деҳаи Рудбор бо иштироки раиси Суди ноҳия Нурализода Сафар Маҷид, ёрдамчии прокурори ноҳия Сайфуллозода Ҷамолиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадраҷабзода Маҳмадшариф, муовини сардори ШВКД дар ноҳия Маҳмадзода Файзалӣ, комиссари Комиссариати ноҳия Акбарзода Комил ва раиси Ҷамоати деҳоти “Қумсангир” Неъмонов Раҳмон сӯҳбату вохӯриҳо баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби масъулин дар мавзӯъҳои доғи рӯз суҳбатҳо гузаронида шуд.