Дар толори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун санаи 24 –уми июли соли 2024, маҷлиси раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода А. А. бо иштироки гурӯҳҳои корӣ аз рӯи усули «Хона ба хона» бо мақсади амали намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватан, рушди кишвар, иҷрои сифатноку саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи эълон гардидани «Соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода А. А. аз натиҷаи корҳои ташвиқотию таблиғотии гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун пурсида, барои идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.