ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

04-уми феврали соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун аз ҷараёни азнавсозии пойгоҳи обкашии №3 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти “Ваҳдати миллӣ” дидан намуданд. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки пас аз таъмиру навсози намудани пойгоҳи мазкур имконияти зиёда аз 7.5 ҳазор га заминҳои кишоварзиро бо об таъмин намудан дар назар аст.

Ҳамзамон, раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар дар Ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ” иштирок намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар канори шоҳроҳи Панҷи поён беш аз 2200 бех арча ва павлония шинонида шуд.

Дар идома Давлаталӣ Саид бо ҷараёни сохтмони бинои Осорхонаи ноҳия шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо доданд.

Дар анҷоми сафари корӣ раиси вилоят дар оғози кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии “Аҳлиддин” воқеъ дар Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” иштирок намдуанд. Ҳангоми боздид маълумот дода шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пурра гардонидани сабади истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза, дар вилояти Хатлон соли ҷорӣ кишти картошка дар майдони умумии 8 ҳазор га ба нақша гирифта шуда, ки аз ин шумора 346 га ба ноҳияи Ҷайҳун рост меояд.

Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни кишти картошка, коркарди хок ва тадбирҳои агротехникӣ шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати риояи мӯҳлати кишт, истифодаи тухмии хушсифат, ғизодиҳии дуруст ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тавсияҳои мушаххас доданд.