ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Дар ноҳияи Ҷайҳун дар арафаи соли нави таҳсил ба 300 нафар кӯдакони ятиму ниёзманд сару либоси мактабӣ тақдим гардид. Ин иқдоми хайрхоҳона дар доираи сиёсати ятимпарварона ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида аз ҷониби раиси ноҳияи Ҷайҳун Ализод Азизулло Муҳибулло амалӣ карда шуд.

Ҳадаф аз ин иқдом дастгирии кӯдакону наврасони ниёзманд, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва рӯҳбаланд намудани онҳо дар оғози соли нави хониш мебошад.

Кӯмакҳои иҷтимоӣ ва дастгириҳои пайваста имкон медиҳанд, ки кӯдакону наврасон бо рӯҳияи болида ба мактаб рафта, таҳсилро бо ҳисси масъулият ва умеди бештар идома диҳанд.