ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани соли 2026 соли вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, “300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан” ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Панҷ деҳаи Сомонӣ бо дастгирии соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ, инчунин аҳли ҷамоатчигӣ бо истифода аз техникаҳои МДНРА-и ноҳия кӯчаҳои дохили деҳаи Сомонӣ мумфарш намуда истодаанд.