ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳпаймоии осоишта дар маркази ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Ализод Азизулло Муҳибулло, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ташкил ва баргузор гардид.

Иштирокчиён бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли дар роҳпаймоӣ фаъолона иштирок намуда, садоқати худро ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии Ватан иброз доштанд.