ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Имрӯз бо рӯҳи болида ва хотири ҷамъ миллати тамадунофари тоҷик дар саросари кишвари азизамон бо шарофати сиёсати ваҳдатофари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн мегиранд.
Ба ин муносибат мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Ҷайҳунро самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам.
Қобили зикр аст, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон санади сарнавиштсоз арзёбӣ мегардад. Ин ҳуҷҷат ба хотири сарҷамъии миллат ва зиндагии осудаи сокинони Ватан ба имзо расида, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошта, рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин ва халқро ба ободгариву субот сафарбар намуд.
Афкори Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлат ва шиори зиндагӣ барои мардум бесабаб набуд. Зеро солҳои охири асри гузашта душманони хориҷиву дохилӣ байни мардуми мо бадбиниву хусуматро ҷорӣ ва халқро ба қисматҳо ҷудо карда, ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.
Хушбахтона миллати тоҷик бо ақлу заковати хеш ҳамчун миллати тамадунофар, ҳамдиливу ваҳдатро интихоб ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо гузоштанд.
Ваҳдати миллӣ давлати тозаистиқлоли моро эҳёи тоза ва умри миллатро бақои ҷовидона бахшида, дар Ватан давраи барқарорсозӣ ва ҳаёти созанда оғоз шуд. Мардуми кишвар ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ қадамҳои устувор гузошта, бунёди нерӯгоҳҳои бузург, роҳу нақбҳо ва корхонаҳои саноатӣ вусъат ёфта, барои некӯаҳволии зиндагии мардум муассисаҳои иҷтимоӣ, хусусан як қатор муасисаҳои таълимӣ ва иншоотҳои хизматрасониву тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки соҳибмаърифату тамаддунофар ва сулҳдӯст буда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофар пазируфта шуд.
Дар баробари ин Хукумати Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои умдаи ҷаҳонӣ, ширкат варзида, муҳтарам Пешвои миллат аз номи миллати тоҷик дар минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баромад намуда, ҷиҳати ҳалли мусбии масъалаҳо саҳмгузорӣ ва мусоидат менамоянд.
Боиси сарбаландии ҳар як фарди Ватан аст, ки Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва комилҳуқуқ дорои мавқеи шоиста ва эътирофи арзанда мебошад.
Ҳамдиёрони азиз,
Ваҳдат хушбахтии миллат маҳсуб ёфта, барои халқи тоҷик арзиши муқаддас ва омили ҳамбастагии халқҳои Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Дар ин замина ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун ноҳияи дӯстиву бародарии халқҳо дар таҳкими Ваҳдату ҳамдилии мардуми Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ноҳияи мо низ тарақкӣ карда, сатҳи иҷтимоиву иқтисодии мардум сол то сол боло рафта, нақши мардуми ноҳия дар пешрафти иқтисодиёти Ватан назаррас маҳсуб меёбад.
Мавриди зикр аст, ки дар тули 27 соли ваҳдат ва якдигарфаҳмии миллат, сокинони шарафманди ноҳияи Ҷайҳун дар қатори сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба пешравиҳо ноил гардиданд. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осудагӣ, файзи соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои сохтмонию ободонӣ ва созандагӣ равнақ ёфта, симои ноҳия рӯз то рӯз дигаргун мегардад. Дар самти корҳои ободонӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию батартибдарории маҳалли зист, равшаннамоии кӯчаву маҳаллаҳо, таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта, гулпӯш намудани кӯчаву растаҳо, тақвият бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо аҳолӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, доир намудани озмунҳои гуногун, таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, ривоҷу равнақ бахшидани соҳаи кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои ноњиядорӣ яке аз ҳадафҳое мебошанд, ки ба шарофати ду неъмати бузурги миллӣ Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба даст омаданд.
Аз муҳимтарин дастовардҳои ноилшуда, бунёди иншоотҳои замонавӣ, гулгашт ва мавзеъҳои фароғатию истироҳатӣ мебошад. Ҳамаи ин дастоварду шукӯфоиҳо ва пешравиҳо самараи Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон Тоҷикистон ва меваҳои шаҳдбори Ваҳдати миллӣ мебошанд, ки мо имрӯз ба он ноил шудем ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки таҳти сарварии Президенти хирадманду дурандеш, Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати комил ба зиндагии аз ин ҳам арзандаю сазовор ноил хоҳем гашт.
Бояд ҳар як сокини бо ору номуси ноҳия донад, ки Ваҳдати миллӣ, ҳамбастагии халқу шукуфоии Ватан буда онро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳимоя намоянд. Мо бояд Ватани худро дӯст дорем, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои фарҳангии худро ҳифз намоем. Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Мо бояд Ватани худро самимона ва сидқан дӯст дорем ва барои ободиву пешрафти он пайваста талош варзем. Ба ин хотир, моро зарур аст, ки ҳамарӯза барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи кишвар, беҳдошти шароити иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон аз тамоми нерӯву имкониятҳо самарабахш истифода намоем».
Боварии комил дорем, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Ҷайҳун, ваҳдату ҳамдилиро ҳамчун сутуни пойдору устувори давлат қадр намуда, бо рӯҳияи баланди созандагӣ, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва пайкори бунёдкоронаи муҳтарам Пешвои миллат кӯшишу ғайрат менамоянд.
Дар ин радиф ҷиҳати пешвози арзанда ва татбиқи накшаҳои созандаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориҳо вусъат дода мешаванд.
Барои амалӣ намудани афкори созанда ба мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Ҷайҳун сиҳатмандиву саодат, барори кор орзу намуда, ба Ватани азизамон Ваҳдати пойдор, сулҳу суботи ҷовидон ва ба ҳар хонадони диёр зиндагии хушу хуррам ва файзу баракат таманно дорам.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!