Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун санаи 9-уми июли соли 2024-ум маҷлиси назорати баргузор  гашт. Дар  маҷлиси  назоратии мазкур пешниҳоди Прокуратураи гинералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2024, №33/27-1898сод «Оид ба  бартараф  намудани камбудиву  қонунвайронкуниҳои ҷойдошта ва  сабабу  шароитҳои ба содиршавии онҳо  мусоидаткунанда» мавриди  баррасӣ қарор дода  шуд. Дар ин  маҷлис  муовини  раиси ноҳия  Сабурзода Н. ва ёрдамчиёни  прокурори  ноҳияи Ҷайҳун  Сайфулозода Ҷ. Муминзода С. баромад  намуда зимни суханрони хеш  ҷиҳати ислоҳи камбудиву  норасоиҳои ҷойдошта  дар  татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» дастуру  супоришҳои  мушаххас дода, иброз  доштанд, ки барои иҷро  накардани бандҳои дахлдори нақшаи амали стратегияи зикршуда ба  иҷрокунандагони он  муҷозоти интизоми татбиқ  карда  шавад.  

Ҳамчунон  иҷрокунандагони нақшаи дохилиидоравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  оид ба Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025  вазифадор  гаштанд, ки аз  натиҷаи ислоҳи камбудиҳои зикршуда ба  унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  гузориш  пешниҳод  намоянд.