АХБОР

МАҲФИЛИ “КАДБОНУИ ХАТЛОН” ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН.

МАҲФИЛИ “КАДБОНУИ ХАТЛОН” ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Суғдиёни Ҷамоати деҳоти “Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун маҳфили “Кадбонуи Хатлон” доир гардид.

Маҳфили “Кадбонуи Хатлон” бо ҷалби занону бонувон ва духтарон доир гардида, фарогири фарҳанги миллии занони тоҷик аз қабили либосҳои миллӣ, навъҳои матоъҳои тоҷикона, ки ба тарзи дастдӯз анҷом дода мешаванд ва хӯрокҳои миллӣ буд. Зимни баргузории маҳфили мазкур хӯрокҳои миллӣ, аз қабили ош, шавла, тупашашак, қурутоб, кадубирён, самбуса, ҷувории обпаз, хуворс, навъҳои хуриш, анвои нонӣ, аз ҷумла нони чапотӣ, кулча, навъҳои меваҷоти ангур, харбуза ва амсоли ин намоиш дода шуд. Илова бар ин, ҷиҳати омӯзиш ва огоҳии бештари ҷавондухтарон ва бонувон тартиби тайёр намудани оши бурида, кулчапазӣ, шавла дар муҳити хона ба таври воқеӣ нишон дода шуд.

Дар рафти маҳфил мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун Сумангул Тоҷиддинзода ҳадаф ва мақсад аз баргузории маҳфили “Кадбонуи Хатлон”-ро ҷалби занону бонувон ва ҷавондухтарон ба омӯзиш ва пазандагии хӯрокҳои миллӣ ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгон баён намуд. Чуноне, ки зикр гардид омода намудани хӯрокҳои миллӣ дар муҳити хона ва омӯзиши он ба занону духтарон дар муҳити хона ба таври воқеӣ сурат гирифта, тибқи нақшаи чорабиниҳо ин маҳфил дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда шавад.