Санаи 7-уми сентябр дар майдони варзишии маркази ноҳияи Ҷайҳун чорабинии бошукӯҳи истиқболи 33-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар оғози ин чорабинии сиёсӣ кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ бо шиору овезаҳо ва парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд. Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Зайнулло директори Агентии давлатии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор, муовинони раиси ноҳияи Ҷайҳун, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ҳайати расмӣ ширкат варзиданд. Ҳайати расмӣ аз намоишгоҳи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дидан намуда, бо масъулин суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Сипас дар идомаи он раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор баромад намуда, оид ба Истиқлолияти давлатӣ, бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар ин давра ибрози андеша намуд. Дар идома намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Зайнулло директори Агентии давлатии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷайҳунро ба ин рӯзи фараҳбахш ва ҷашни миллӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику муборакбод гуфта, роҷеъ ба ин неъмати бебаҳои давлату давлатдорӣ ва саҳми арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии давлати навини тоҷикон, эҳёи ҷомеаи мутамаддин ва аз вартаи нобуди наҷот додани миллати тоҷик ва ба як кишвари ободу зебо табдил додани он ёдовар шуд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҳар яки моро зарур аст, ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ дошта бошем, истиқлолу озодии хешро ҳифз намоем ва бо анҷоми корҳои ободонию созандагӣ дар рушду тараққиёти меҳани худ саҳмгузор бошем. Сипас дар идомаи чорабинӣ ба як қатор кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад, сарояндагони саршиноси кишвар ва бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бо суруду таронаҳои дилошӯби хеш хотири ҳозиринро шод гардонида, ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар сатҳи баланди маърифатӣ гузаронида шуд.