Санаи 3 октябри соли 2024 дар асоси нақшаи чорбиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгорӣ-муҳандисӣ» Конференсияи илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар конференсияи мазкур устодон ва донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд. Конфересиро муовини раиси ноҳия Бахдавлатзода Гулбаҳор кушода суханро барои маъруза ба баромадчиён Зулматов Қобил раиси Шӯрои слбиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, Камолзода Ҷалолиддин мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Худойдоди Изатулло мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия доданд. Маърузачиён дар бораи ҳастии забони тоҷики, поку беолоиш нигоҳ доштани он ва ҳифзу ногоҳдошти забони тоҷики дар давраҳои пурталотупи сиёсӣ мавриди баррасӣ карор дода шуд.