ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

санаи 12-уми майи соли 2025   дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун  бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вохӯрии муҳим ва судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор — раиси ноҳияи Ҷайҳун, Бобохонзода Фирӯз Бобоҷон  — прокурори ноҳия, Шарифзода Аҳлиддин Ҳомуддин — сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, Раҷабов Файзиддин Нураҳмадович — сардори шӯъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳия, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Нахуст, раиси ноҳия Одиназода А. А. суханронӣ намуда, доир ба масъалаи истифодаи қувваи барқ ва самараноку оқилона истифодаи он изҳори андеша намуданд.

Сипас, прокурори ноҳия Бобохонзода Ф. Б. дар мавзӯи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», ки санаи 15 апрели соли 2025 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, суханронӣ кард.

Бобохонзода Ф. қайд намуд, ки ин тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ ҳадафи асосии мубориза бо истифодаи ғайриқонунии неруи барқро доранд. Мутобиқи тағйирот, шахсоне, ки бо роҳи худсарона ба шабакаи барқӣ пайваст шуда, неруи барқро ғайриқонунӣ истифода мебаранд, аз 27 000 то 90 000 сомонӣ ҷарима шуда, ё ба муҳлати аз 3 то 10 сол маҳрум аз озодӣ мегарданд.

Дар идомаи вохӯрӣ сардори ШВКД дар ноҳия Шарифзода Аҳлиддин Ҳомуддин  баромад намуда, масъалаи мубориза бо шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мамнуъ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ, хусусан миёни ноболиғонро дар меҳвари суханрониаш қарор дод.

Дар анҷоми ҳамоиш масъулин изҳор доштанд, ки татбиқи бефосилаи қонун, ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ бо ҷомеа ва саҳмгузории ҳар фарди бедордил барои рушди босуботи ноҳия ва таъмини суботу амният муҳим мебошад.