Имрӯз дар ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба 23-юми май «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» чорабинии тантанавӣ ва сиёсӣ-маърифатӣ доир карда шуд, ки зимни он раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор суханронӣ намуда, дар баромади хеш нисбат ба меҳан аз ҳисси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятпазирии ҷавонон ва эътимоди комили давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба онон ибрози андеша намуд. Ҳамчунин раиси ноҳия аз дастовардҳои соҳаи варзиш ва ҷавонон, бунёди иншоотҳои гуногуни варзишӣ баҳри тамрину сайқал додани соҳаи варзиш ва фаъолияти густурдаи ҷавонон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ёдовар шуд.