Санаи 20 июни соли 2025 дар толори шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид. Дар Шӯрои мазкур раиси ноҳияи Ҷайҳун- Одиназода А. А., раиси Шӯро прокурори ноҳияи Ҷайҳун, мушовири адлияи дараҷаи 1- Бобохонзода Ф.Б., муовинони раиси ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун-Маҳмадраҷабзода М, сардори ШВКД дар ноҳия — Шарифзода А ва дигар шахсони даъватгардида иштирок намуданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар Шӯро асосан 2 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
- Ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи истифодаи самараноки нерӯи барқ.
- Кам намудани бақияпулиҳои ҳаққи истифодабарии обу барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодабарии онҳо дар соли 2024 ва нимсолаи соли 2025.
Сараввал Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияро, прокурори ноҳияи Ҷайҳун, мушовири адлияи дараҷаи 1 Бобохонзода Ф. Б. оғоз намуда, зимни баромадаш қайд намуд, ки прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуда, барои таъмини волоияти қонун, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ монда, дар ин давра як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Аз ҷониби баромадкунандагон зикр гардид, ки масъалаҳое, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меоянд, мо бояд сармашқи кори худ қарор дода, онҳоро дар амал татбиқ ва иҷро намоем.