ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ,

ВА ҲОЗИРИНИ ГИРОМӢ!

 

Дар таърихи миллати тоҷик санаи 27-уми июни соли 1997 ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз барои халқу миллати мо азизу муқаддас мебошад. Зеро ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз ва ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин санаи таърихӣ, яъне 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи Шумо саломатию хушбахтӣ, хонаободӣ, рӯзгори нек ва барори кору баракати зиндагиро орзу менамоям.

Воқеан мо  бояд  дарк  кунем,  ки  ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дастоварди бузург ва неъмати азизу муқаддас мебошад. Зеро ин санаи муқаддас ҳамчун намунаи иттиҳоду ягонагии миллат буда, таҷассумгари сулҳу ваҳдат ва якдилии халқ  мебошад, аммо ин ваҳдати миилӣ ба осонӣ ба даст надомадааст.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале, мутаасифона, мо  тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, бо дахолату таъсири ќувваҳои  беруна ба  Ҷанги  таҳмилии шаҳрванди гирифтор  шудем.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт, ки ин  масъулияти ҷиддӣ нигоҳ  доштани давлати тозаистиқлол ва нигоҳ доштани  миллати  тоҷик аз парокандаги буд.

Дар он рӯзҳои барои миллатамон пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Пешвои муаззами  миллати мо Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дилу пур гуфта буданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд, баъди  давраҳои музокирот бо  мухолифин дар ҳамин  рўз 27 июни соли 1997  созишномаи  истиқрори  сулҳ  ва ризояти  миллӣ дар  шаҳри Масков ба  имзо  расид. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар дили халқи Тоҷикистон боварии комилро ба вуҷуд овард, ки дар сарзамини тоҷикон сулҳу суботи доимӣ ҳукумфармо бошад. Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот, ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа, мо пеш аз ҳама тавонистем истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми Тоҷикистонро аз ҷудоиву парокандагӣ эмин нигоҳ дорем.

Маҳз бо кушишу талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, Тоҷикистони азиз ба чор самти дунё роҳ ёфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, дустиву рафоқат ва якдигарфаҳмӣ падидор аст. Тоҷикистони азиз дар  ин давра ба марҳилаи барқарорсозии инфрасохтор, эҳёи иқтисод, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоӣ ворид шуд. Лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, роҳҳо, мактабҳо ва муассисаҳои табобатӣ ба далели суботи сиёсӣ ва ҳамоҳангии миллӣ амалӣ шудаанд.

Бо барқарор шудани сулҳу субот ва оромии кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия тадбирҳои судманд меандешад ва натиҷаи ҳамин меҳнатҳо буд, ки дар даврони соҳибистиқлоли ва ваҳдати миллӣ соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти ноҳия рушду нумӯ ёфт ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Натиҷаи чунин заҳматҳо буд, ки солҳои сипаригардида бо якқатор дастовардҳои меҳнатӣ, хусусан сохта ба истифода додани иншоотҳои зиёди иҷтимоию хизматрасонӣ, бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн  гирифтем. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ заҳмат кашида,  ноҳияамонро боз ҳам ободтару зеботар гардонем.

Мавриди зикр аст, ки дар тули 28 соли ваҳдат ва якдигарфаҳмии миллат, сокинони шарафманди ноҳияи Ҷайҳун дар қатори мардуми Тоҷикистони азиз, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба пешравиҳо ноил гардиданд. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осудагӣ, хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун  аз имтиёзҳои давлатӣ ва технологияҳои пешрафта истифода  бурда, бо  истеҳсоли  маҳсулотҳои кишоварзӣ дар таъмини ҳадафи стратегии давлат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда  гузоштанд, хусусан дар соли 2024-ум  ҳаҷми маҷмӯи  истеҳсоли маҳсулотҳои   кишоварзи 3  милиарду 278,8 милион  сомониро ташкил дод, ки ин  нишодиҳандаи баланд  мебошад. Бо вӯҷуди  ин  дар  ноҳия корҳои сохтмонию ободонӣ ва созандагӣ равнақ ёфта, дар  самти корҳои ободонӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию батартибдарории маҳалли зист, равшаннамоии кӯчаву маҳаллаҳо, таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта, тақвият бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо аҳолӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, доир намудани озмунҳои гуногун,  таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои ноҳиядорӣ, яке аз ҳадафҳое мебошанд, ки ба шарофати Ваҳдати миллӣ сарҷаъмии сокинони ноҳия ба даст омадаанд.

Аз муҳимтарин дастовардҳои ноилшуда, бунёди 7 адад биноҳои  иловагӣ нав барои илмомузии  наврасону  ҷавонон мебошад,  ки  танҳо  дар  соли 2024-ум  2040 ҷойи  нишаст дар як  баст ба  хонандагон муҳайё  карда шуд. Ҳоло сохтмони 6  бинои  иловагӣ  ва 1  муассисаи таълимӣ идома дорад, ки ҳамаи ин дастоварду шукӯфоиҳо ва пешравиҳо самараи Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон Тоҷикистон ва меваҳои шаҳдбори Ваҳдати миллӣ мебошанд, ки  мо имрӯз ба он ноил шудем ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки таҳти сарварии  Президенти хирадманду дурандеш, Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати комил ба зиндагии аз ин ҳам арзандаю созгор ноил хоҳем гашт.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Мо бояд Ватани худро самимона ва сидқан дӯст дорем ва барои ободиву пешрафти он пайваста талош варзем. Ба ин хотир, моро зарур аст, ки ҳамарӯза барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи кишвар, беҳдошти шароити иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон аз тамоми нерӯву имкониятҳо самарабахш истифода намоем».

Бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти устуворе, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон бо шарофати ин ҷашни бузург ва ифодагари ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ — Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст, бори дигар ҳамаи Шуморо, дар  шахсияти  Шумо  кулли сокинони ноҳияро табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як  тоҷику тоҷикистонӣ осоишу оромӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро орзу менамоям.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак ҳамдиёрони азиз!

Саломату  сарбаланд  бошед!