Дар  ноҳияи  Ҷайҳун бахшида  ба муносибати 28-умин  солгарди Ваҳдати миллӣ бо  иштироки шаҳрвандони  касбу  корӣ гуногун, хусусан варзишгарон,  табибон, омӯзгорон  ва кормандони ҳама  ташкилоту  муассисаҳои ноҳиявӣ роҳпаймои  баргузор гардид. Ҳама  иштирокчиён  бо  ифтихори  миллӣ дар  даст  парчам ва  овезаҳои ҷашни  дошта,  аз  ин  санаи  тақдирсоз   ифтихору  сарфарози  намуданд. Бо шиорҳои «Ваҳдату  якдилӣ пояда  бод», «Тоҷикистон ба  пеш» садо баланд  намуданд.