Саннаи 23 декабри соли 2025 дар марз бо Афғонистон зимни задухурди мусаллаҳона ва пешгирии амалӣ террористи 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амниятии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва майор Қурбонов Исматулло Ғуломович ҳалок гардиданд. Давлату миллати миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ қаҳрамонӣ ва ҷонсупории чунин родмардонро фаромӯш нахоҳад кард.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони афсарони кушта шуда хонаҳои истиқоматӣ тақдим карда шуда ҳамчунин кӯмаки молиявӣ низ расонида шудааст.

