ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Саннаи 10 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Ализод Азизулло Муҳибулло ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун дар 12 моҳи соли 2025 баргузор гардид. Дар маҷлис муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигарон тибқи даъват иштирок доштанд.

Инчунин дар маҷлиси ҷамъбасти намояндагон: муовини директори Агентии давлатии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримӣ Р ва сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Ҳасанзода Б. иштирок ва сӯханрони намуданд.