ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Санаи  13-уми январи соли 2026 бо  иштироки  роҳбарони гурӯҳҳои корӣ  муовини  раиси ноҳияи Ҷайҳун     Сабурзода  Насим бо сокинони деҳаи Ҳаёти нави  Ҷамоати деҳоти  “Ваҳдати миллӣ” дар мавзӯъҳои мубрами  рӯз сӯҳбату вохӯрӣ доир намуд.

Дар ин  вохӯриҳо  аъзоёни гурӯҳҳои  корӣ,раиси суди ноҳия Нурализода С, сардори шуъбаи ноҳиявии РКДАМ  Раҷабов Ф, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  Маҳмадраҷабзода М, роҳбари комиссарияти ҳарбии ноҳия Акбарзода К, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Тоҷиддинзода С , мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Зувайдзода С, раиси  Ҷамоати  деҳоти  “Ваҳдати миллӣ”  Амроқулов Ҷ  иштирок  ва аз  рӯи  мавзӯъҳои нақшавӣ  суханронӣ  намуданд.