ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия саннаи 12 феврали соли 2026 дар деҳаи “Навдиж”-и Ҷамоати деҳоти “Яккадеҳ”-и ноҳия сӯҳбату вохӯриҳо бо сокинони деҳа доир гардид.

Дар вохӯрӣ шахсони масъул оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон саннаи 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ифротӣ ва дигар амалҳои номатлуб дар ҷомеа, истифодаи самараноки қувваи барқ, худсарона ғасб намудани қитъаҳои замин ва роҳҳои мубориза алайҳи коррупсия, талаботи қонунгузорӣ вобаста ба барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ баромад намуданд.