ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Баҳри тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ миёни занону бонувони Ҷамоати деҳоти «Панҷ» чорабинӣ таҳти унвони «Кадбонуи беҳтарин» саннаи 10-уми феврали соли ҷорӣ баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Ализод Азизулло Муҳибулло ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, аз ҳунарҳои дасти занону бонувони Ҷамоати деҳоти «Панҷ» дидан намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Ализод Азизулло Муҳибулло зимни сӯҳбат бо занон ва бонувони Ҷамоат деҳоти «Панҷ» таъкид карданд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон, соҳибҳунар намудани онҳо кушиш намуда, ҳунари аждодиро ҳифз намоем.

Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди фарҳангию тарбиявӣ гузаронида шуда ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани ҷавондухтарон ба рӯзгордориву оиладорӣ нигаронида шуда буд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо дар зеҳни занону бонувон ва ҷавондухтарон тарбия намудани ҳисси миллӣ ва эҳтиром нисбати сару либоси миллӣ, эҳёи таомҳои миллии қадима мебошад.