ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Баҳри тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ миёни занону бонувони Ҷамоати деҳоти «Панҷ» чорабинӣ таҳти унвони «Кадбонуи беҳтарин» саннаи 11-уми феврали соли ҷорӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовинони раиси ноҳияи Ҷайҳун Бахдавлатзода Гулбаҳор ва Сабурзода Насим ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, аз ҳунарҳои дасти занону бонувони Ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ» дидан намуданд.

Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди фарҳангию тарбиявӣ гузаронида шуда ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани ҷавондухтарон ба рӯзгордориву оиладорӣ нигаронида шуда буд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо дар зеҳни занону бонувон ва ҷавондухтарон тарбия намудани ҳисси миллӣ ва эҳтиром нисбати сару либоси миллӣ, эҳёи таомҳои миллии қадима мебошад.